Бино ба гузориши хабаргузории Абно, вебсайти ибризабони «Ахбори амниятӣ» гузориш дод, ки низомиёни артиши саҳюнистӣ дар Рафаҳ бо нерӯҳои Ҳамос даргир шудаанд. Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои амниятии Ҳамос қасд доштанд бо унсурҳои гурӯҳи зархариди «Ёсир Абушабоб» даргир шаванд, ки низомиёни артиши саҳюнистӣ ҳангоми мудохила, ҳадафи камин қарор гирифтанд.
Ҳамчунин Маркази Иттилоърасонии Фаластин гузориш дод, ки дар пайи рухнаи амниятии хатарнок дар миёни зархаридони вобаста ба артиши режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, шуморе аз низомиёни саҳюнист дар минтақаи Рафаҳ кушта ва захмӣ шуданд.
Барӯихати аввалия ҳокӣ аз он аст, ки яке аз аъзои гурӯҳи «Ёсир Абушабоб» таҳти ҳимояти режими саҳюнистӣ пас аз нуфуз ба даруни ҳамон гурӯҳ, аз озодии рафтуомади худ дар манотиқи таҳти контроли артиши саҳюнистӣ дар ҷануби Рафаҳ истифода карда ва амалиётеро алайҳи як воҳиди низомии исроилӣ иҷро кардааст.
Расонаҳои ибрӣ ин ҳодисаро «даргирии хатарнок» тавсиф кардаанд. Ҳамчунин як манбаи низомӣ ба радиои артиши режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки дар ин рӯйдод чанд кушта ва захмӣ бар ҷой мондааст. Дар пайи ин ҳодиса, бахши сансури низомии режими саҳюнистӣ интишори ҳар гуна ҷузъиёти бештарро мамнӯъ кардааст, амре ки нишонгари умқи нуфузи амниятӣ дар сафҳоти ишғолгарон ба шумор меравад.
Ҳамзамон бо ин рухдод, артиши режими саҳюнистӣ ҳамлаҳои ҳавоии худро ба манотиқи шарқи Хонюнус, Ад-Дейр ва Ҷаболия ташдид кардааст. Ин дар ҳолест, ки фазои таниш ва нигаронӣ дар миёни ниҳодҳои низомӣ ва амниятии Телавив рӯ ба афзоиш аст.
Дар вокуниш ба ин ҳодиса, бархе аз шаҳракнишинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фармондеҳони артиш интиқод карда ва навиштанд: «Оё ҳифозат аз Ёсир Абушабоб арзиши рехтани хуни низомиёни моро дорад? Ин як масхарагӣ аст!»
Ин ҳодиса пурсишҳои ҷиддӣ дар бораи шиканандагии сохтори амниятии режими саҳюнистӣ дар манотиқи ишғолшуда ва эҳтимоли нуфузи муборизони муқовимат ба даруни гурӯҳҳои зархариди таҳти ҳимояти ишғолгаронро матраҳ кардааст.
Your Comment